Вопрос № 00401

Бо чи ваҷҳу далел ҷумҳури уламо, изҳор мекунанд, ки истеъмоли май ё арақ, сарфи назар аз таҳрим шудани он, таҳоратро намешиканад. Ин чи маъно дорад? Хоҳиш мекунам ба ин матлаб рӯшанӣ андозед, то мардум раҳгум назананд.

Вопрос:

Нахуст ба кулли уламо барои посухҳои сареҳашон ташаккур баён мекунам. Худованд ҳамаи Шумоёнро раҳмату мағфират кунад ва ба донишу маърифати Шумо баракату такомул ато фармояд.Бо чи ваҷҳу далел ҷумҳури уламо, изҳор мекунанд, ки истеъмоли май ё арақ, сарфи назар аз таҳрим шудани он, таҳоратро намешиканад. Ин чи  маъно дорад? Хоҳиш мекунам ба ин матлаб рӯшанӣ андозед, то мардум раҳгум назананд.

Саволдиҳанда:Комил

Ответ:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз, аввалан аз шумо ташаккур барои миннатдорӣ баъдан мо саъю кӯшиш менамоем, ки дар оянда низ тамоми малакаю илми худро сарф намуда барои халқу миллати хеш хизмат намоем.

Бародари азиз чунонеки дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ оварда шудааст, нӯшидани арақ бо вуҷуди ҳаром буданаш аз ҷумлаи шиканандаҳои таҳорат нест, модоме, ки ба ҳадди мастӣ нарасад. Меъёр ва ҳадди мастӣ он аст, ки инсон кӣ будану чӣ будани худро надонад. («Шарҳи Илёс», саҳ. 24-27, китоби таҳорат).

Шароб инсонро дар ҳолати мастӣ оварда, ӯро аз неъмати  фаҳму идрок маҳрум месозад. Зарарҳои ҷисмӣ, ақлӣ, рӯҳӣ, динӣ ва дунёии он ба қадре ошкор аст, ки эҳтиёҷ ба баҳсу гуфтугӯ надорад, хусусан он бадбахтиҳое, ки домангири афроди ҷомеа ва хонаводаҳо мегардад. Дини Ислом бо равиши ҳакимона ва тадриҷӣ шаробро ҳаром намудааст. Худованд дар сураи «Моида» ояти 90-91 мефармояд: «Эй касоне, ки ба Худо имон доред, яқин дошта бошед, ки шароб ва қимор, бутҳое, ки барои онҳо қурбонӣ мекунед, баҳра ҷустан ва бахтозмоӣ палиданд, аз корҳои шайтон аст, ба ростӣ шайтон мехоҳад ба воситаи шаробхорӣ ва қимор дар байни Шумо адоват ва кина эҷод намояд ва шуморо аз зикри Худованд ва иртиботи маънавӣ бо Парвардигор ва анҷоми намоз боз дорад. Оё шумо аз ин корҳои нописанд даст боз намедоред».

2016-05-12
6828
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

01.11.2024

Подробнее
Фаджр05:16
Зухр12:40
Аср15:35
Магриб17:00
Иша19:01