Вопрос № 00410

Ман аз шаҳри Кӯлоб 7 моҳ мешавад, ки оиладор шудам ва ман бошам дар шаҳри Душанбе кор мекунам ва ҳар рӯзи ҷумъа ё шанбе Кӯлоб меравам, зеро ки оилаам дар онҷо бо падару модарам зиндагӣ мекунад ва ҳамзамон таҳсил мекунад. Вақте ки ман ба Душанбе меоям, намози қаср хонам ё намозро пурра

Вопрос:

Салом домуллои азиз!!! Хело мешавад ки як масъала маро нороҳат мекунад ва  ин масъала чунин аст! Ман аз шаҳри Кӯлоб 7 моҳ мешавад, ки оиладор шудам ва ман бошам дар шаҳри Душанбе кор мекунам ва ҳар рӯзи ҷумъа ё шанбе Кӯлоб меравам, зеро ки оилаам дар онҷо бо падару модарам зиндагӣ мекунад ва ҳамзамон таҳсил мекунад. Вақте ки ман ба Душанбе меоям, намози қаср хонам ё намозро пурра илтимос ҷавоб диҳед,  зеро якчанд муллоҳои масҷидро пурсидам гуфтанд, ки қаср мехонӣ. Ва дар дилам ҳама вақт як шубҳа аст, ки яке рафту намози пурра хондан даркор бошад. Қариб як моҳ мешавад, ки ман дар Душанбе намози қаср мехонам.

Саволдиҳанда:Фаррух

Ответ:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз. Аввалан Худованд шуморо ҳифз кунаду ин издивоҷро муборак гардонад. Шумо дар ҷойи кор ва дар роҳ бояд қаср хонед, аммо дар манзиле, ки оилаатон зиндагӣ дорад, намозро комил хонед ва дар ҳолате, ки Шумо зиёда аз 15-рӯз дар Душанбе монед, пас намозро комил мехонед. («Фиқҳи муяссар», саҳ. 139-145)

2016-05-18
3506
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57