Вопрос № 00415

Дар бораи савганд хурдан бо Қуръон маълумоте медодед. Шахсе, ки шахси дигаро бо Қуръон қасам медиҳад чӣ гуноҳе дорад ва барои аз ин гуноҳ пок шудан чӣ бояд кард?

Вопрос:

Ассалому Алайкум ва Раҳматуллоҳ, Дар бораи савганд хурдан бо Қуръон маълумоте медодед. Шахсе, ки шахси дигаро бо Қуръон қасам медиҳад чӣ гуноҳе дорад ва барои аз ин гуноҳ пок шудан чӣ бояд кард?

Саволдиҳанда:Бобоназар

Ответ:

Ва алайкумуссалом бародари азиз. Қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст. Инчунин дар урфи мардуми кишвар қасам хурдан ё касеро қасам додан бо Каломуллоҳ маъмула аст ва қасам ҳисобида мешавад, вақте ки мебинӣ қасами бо Қуръон таъсири зиёд дорад ва фатво бар ин қавл аст. («Шарҳи Илёс», ҷ.2, саҳ.311) Бояд қайд намоем, ки қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кушиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд.

2016-05-26
3390
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38