Вопрос № 00457

Протсенте, ки аз банк мегирӣ, дуруст аст ё не? Илтимос, ҷавоби хаттӣ равон кунед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Протсенте, ки аз банк мегирӣ, дуруст аст ё не? Илтимос, ҷавоби хаттӣ равон кунед. 

Саволдиҳанда:Баҳодур.

Ответ:

Ва алайкумуссалом. Бародари азиз, ҳама медонад, ки протсент бо насси Қуръон ҳаром аст ва ҳеҷ олиме дар ҳаром будани он ихтилоф надорад, чунки ин масъала бо ояти муфассари Қуръон собит шудааст. Аммо дар як сурат иҷозат аст, яъне шумо дар ҳолати сахти зарурат қарор доред ва ғайр аз ин дигар роҳе надоред. Он ҳам ба қадри зарурат бояд гирифт, на мисли касоне, ки бо протсент қарз мегиранду тиҷорат мекунанд, зеро ин амали онҳо рибо ва ҳаром аст. Дар ин масъала эҳтиёт кардан бениҳоят зарурист ва бояд ин масъаларо хуб дарк кард. Хулоса барои он шахсе, ки хеле муҳтоҷ аст ва ғайр аз ин роҳе надорад, иҷозат аст. Чунончи Аллома Ибни Нуҷайм (р) навиштааст:

يَجُوزُ لِلْمُحْتَاجِ الِاسْتِقْرَاضُ بِالرِّبْحِ

“Барои шахси муҳтоҷ ва ниёзманд ҷоиз аст, ки ба ивази фоида қарз гирад”. (“Ал-ашбоҳ ван-назоир”, с. 143).

Ёдовар бояд шуд, ки мондани маблағ дар банк ҷоиз аст, чунки ҷои амн ба шумор меравад, аммо фоидаи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз қабили ятимхона, хонаи пиронсолон ва ғайра сарф бояд намуд.

2016-06-12
3304
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38