Вопрос № 00459

Мехостам бифаҳмам, ки намози қазоии гузаштаро дар вақти намози хуфтан пеш аз витри воҷиб метавонам бихонам? Дар ҳамин вақт ман бояд барои намози қазоӣ хонданам боз аз нав азон гӯям? Мегуфтед, ки намози қазои гузаштаро чӣ хел бихонам?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, домуллои азиз, Худованд забони Шуморо бурро гардонад. Мехостам бифаҳмам, ки намози қазоии гузаштаро дар вақти намози хуфтан пеш аз витри воҷиб метавонам бихонам? Дар ҳамин вақт ман бояд барои намози қазоӣ хонданам боз аз нав азон гӯям? Мегуфтед, ки намози қазои гузаштаро чӣ хел бихонам? Илтимос, маълумоти пурра диҳед. Аллоҳ баракат диҳад. 

Саволдиҳанда:А.

Ответ:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Албатта намози қазоиро баъди хуфтан ва пеш аз витр хондан иҷозат аст, чунки намози витр намози алоҳида аст, дубора азон гуфтан зарурӣ нест. Вале беҳтар ин аст, ки барои намозҳои қазоии гузашта дар аввал як бор азону иқомат гӯяд, барои намозҳои боқимонда танҳо иқомат гуфтан кифоят мекунад. Намози қазоиро дар вақти баромадани офтоб, вақти завол ва ҳангоми ғуруби офтоб набояд гузорид, вале дар байни суннат ва фарзи намози бомдод, инчунин дар миёни аср ва шом хондани намози қазоӣ мамнуъ нест. (“Фатовои Раҳимӣ”, с. 143).

2016-06-12
4369
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57