Вопрос № 00468

Мо дар Россия кор мекунем, рӯзҳои ин ҷо хело дароз аст, соати 2 саҳархӯрӣ, соати 10:30 ифтор. Мо баъзе вақтҳо барои саҳархӯрӣ хеста наметавонем, аз хоб мехезем, ки вақти саҳархӯрӣ гузаштааст. Оё мо метавонем ҳамон рӯз рӯзаро нахӯрда дорем.

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, як суол дорам, ҷавоб диҳед. Мо дар Россия кор мекунем, рӯзҳои ин ҷо хело дароз аст, соати 2 саҳархӯрӣ, соати 10:30 ифтор. Мо баъзе вақтҳо барои саҳархӯрӣ хеста наметавонем, аз хоб мехезем, ки вақти саҳархӯрӣ гузаштааст. Оё мо метавонем ҳамон рӯз рӯзаро нахӯрда дорем. Бо далел ҷавоб диҳед. 

Саволдиҳанда:Фаридун.

Ответ:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Агарчи рӯзҳо дар моҳи Рамазон дароз ҳам бошанд, рӯзадор вазифадор аст, ки рӯзаро то ғуруби офтоб риоя намуда, ба поён расонад, зеро Худованд мефармояд: «Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед». (Сураи «Бақара», ояти 185). Қобили зикр аст, ки дар саҳархӯрӣ баракат аст, зеро ташнагӣ ва гуруснагӣ рӯзадорро то охири рӯз ба ташвиш намеорад. Аммо агар дар натиҷаи фаромӯшӣ ё дар хоб мондан саҳархӯрӣ накардед, нияти рӯза карда, то ғуруби офтоб рӯза доред.

2016-06-17
4043
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:16
Магриб17:14
Иша18:44