Вопрос № 00500
Савол аз номи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Шариф ба унвони Маркази исломӣ. Лутфан оид ба филми туркии “Ҳидоят”, яъне “Муллои замонавӣ”,
Вопрос:
Салом. Савол аз номи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Шариф ба унвони Маркази исломӣ. Лутфан оид ба филми туркии “Ҳидоят”, яъне “Муллои замонавӣ”, ки миёни аҳолии кишвар ҳаводорони зиёд пайдо кардааст, иттилоъ диҳед, зеро мегӯянд ин филм дар баробари камбудии зиёд лаҳзаҳои тарбиявӣ низ дорад. Хоҳшмандам андешаи Шӯрои уламо ва ё масъулони марказро то фардо фиристед. Қаблан аз кӯмакатон сипосгузорам.
Ответ:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Назари аҳли Ислом дар бораи синамо чунин аст: Бояд асли филм ва моҳияти он аз ҳар гуна фисқу гуноҳ ва ҳар чизе, ки ба ақоид, дастурот ва одоби исломӣ мухолиф аст, дур бошад. Аммо филмҳое, ки боиси таҳрики ғаризаи ҷинсӣ, ташвиқ ба гуноҳу иртикоби амалҳои нодуруст ва таблиғи афкор ва ақоиди ботил бошанд, тамошои онҳо мамнуъ аст. Агар муҳтавои онҳо аз ин гуфтаҳо орӣ бошанд, боке надорад. (“Фиқҳи муосир”, с. 158-159).