Вопрос № 00527
Дар куҷое хондам, ки ду ракъат намоз хондан, ҳафт маротиба сураи «Фотиҳа» ва дар замми сура се маротиба сураи «Ихлос», ҳамчунин дар дуюм ракъат ҳафт маротиба сураи «Фотиҳа» ва се маротиба сураи «Ихлос»... Чӣ ният карда хондан мумкин аст ва ин чӣ гуна намоз аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Суол чунин аст....Дар куҷое хондам, ки ду ракъат намоз хондан, ҳафт маротиба сураи «Фотиҳа» ва дар замми сура се маротиба сураи «Ихлос», ҳамчунин дар дуюм ракъат ҳафт маротиба сураи «Фотиҳа» ва се маротиба сураи «Ихлос»... Чӣ ният карда хондан мумкин аст ва ин чӣ гуна намоз аст? Маълумот медодед домулло.Раҳмат.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин суоле, ки шумо додед, дар бораи намози нафлӣ аст. Дар намози нафлӣ такрори сураҳо боке надорад. Ҳамаи ин гуна намозҳо бо нияти нафл гузорида мешавад.