Вопрос № 00532
1. Дар намози ҷамоат қавм ба имом иқтидо мекунанд, имом чӣ хел ният мекунад? 2. Саҷдаи саҳвро чӣ гуна бояд анҷом диҳӣ? 3. Дар намоз баъди ташаҳҳуд ва салавот “Аллоҳуммағфир лӣ”-ро ба пуррагӣ мехонӣ ё не?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Банда якчанд суол доштам, илтимос тезтар ҷавоб диҳед, ки бисёр муҳим аст. 1. Дар намози ҷамоат қавм ба имом иқтидо мекунанд, имом чӣ хел ният мекунад? 2. Саҷдаи саҳвро чӣ гуна бояд анҷом диҳӣ? 3. Дар намоз баъди ташаҳҳуд ва салавот “Аллоҳуммағфир лӣ”-ро ба пуррагӣ мехонӣ ё не?
Саволдиҳанда:Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз:
1. Дар намози бо ҷамоат имом мегўяд: «Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи намози бомдод, рўй овардам ба қибла, қиблаи ман ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло, Аллоҳу акбар».
2. Ҳукми саҷдаи саҳв воҷиб аст. Ба сабаби тарк кардани воҷиб, таъхир кардани воҷиб ва ё таъхир кардани фарз саҷдаи саҳв кардан лозим мегардад. Агар саҳван саҷдаи саҳвро фаромўш кунад, аз зиммааш соқит мегардад ва намозаш дуруст мешавад.
3. Дар намоз баъди хондани ташаҳҳуд ва салавот дар қаъдаи охир дуои «Аллоҳуммағфирлӣ»-ро то охир мехонед.