Вопрос № 00539

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки маънои калимаҳои «мулло», «домулло», «эшон», «тақсир», «сӯфӣ», «мавлавӣ», «шайх», «аллома» ва «мавлоно»-ро ба мо гӯед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки маънои калимаҳои «мулло», «домулло», «эшон», «тақсир», «сӯфӣ», «мавлавӣ», «шайх», «аллома» ва «мавлоно»-ро ба мо гӯед. Худо Шуморо нигоҳ дорад, уламои азиз. 

Саволдиҳанда:Саидмуҳаммадҷон.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин калимаҳо истилоҳоте ҳастанд, ки дар манотиқи мусулмоннишин истифода мешаванд ва ҳамчун унвони эҳтиромӣ ба ҳисоб мераванд. Дар таърихи гузаштаи миллатамон истилоҳоти мазкур барои касоне нисбат дода мешуд, ки дар мактабу мадраса таҳсил намуда, саводи динӣ ҳосил мекарданд. Дар манотиқи гуногуни кишварамон низ баъзе аз ин калимаҳо маъмул ҳастанд, аз ҷумла дар вилояти Суғд калимаи «домулло» барои ашхоси соҳибэҳтиром ва донишманд истифода бурда мешавад. Дар вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар калимаҳои «тақсир», «махдум», «мулло», «сӯфӣ», «эшон» (яъне саидзода), «аллома» ва «шайх» барои ходимони дин ҳамчун унвони эҳтиромӣ мустаъмал ҳастанд. Дар кишварҳои Афғонистону Покистон, Эрону Ҳиндустон ва он манотиқе, ки мардуми суннимазҳаб зиндагӣ мекунанд, калимаҳои «мавлавӣ» ва «мавлоно» истифода мешаванд. Агар ба осори классикии гузаштаамон назар андозем, ин вожаҳоро ба таври фаровон хоҳем дид. Хулоса ин унвонҳо бештар барои соҳибони илми шаръӣ ва ходимони дин ба кор бурда мешаванд.

2016-07-28
3660
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38