Вопрос № 00545

Шунидам, ки бо оби дар офтоб гармшуда, таҳорат кардан мумкин нест. Оё ин ҳақиқат дорад ё не?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, дуруди Худованд бар Шумо, саволи ман чунин аст. Шунидам, ки бо оби дар офтоб гармшуда, таҳорат кардан мумкин нест. Оё ин ҳақиқат дорад ё не? Агар ҳақиқат дошта бошад, мефаҳмондед. Дар китоби «Фиқҳи исломӣ»-и Абдушарифи Боқизода, саҳифаи 183 навишта шудааст (дар ҳолати такбири таҳрима гуфтан) «ба сӯи қибла гардонидани кафи ҳарду даст ва кафи ангуштонаш дар вақти такбири таҳрима». Пурсиданиям, ки дар ҳолати такбири таҳрима гуфтан, бояд кафи дастҳо ба тарафи қибла бошад? Бо эҳтиром, бародари исломии Шумо Давлат.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ҷавоби саволи якум:  Бо обе, ки дар офтоб гарм шудааст, таҳорат кардан дуруст аст, зеро он аз ҷумлаи оби мутлақ аст.  (Китоби “Нафъул муфтӣ”, саҳ.13). Ҷавоби саволи дуюм: Дар ҳолати такбири таҳрима гардонидани кафи дастон ба тарафи қибла суннат аст. 

2016-08-01
4839
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43