Вопрос № 00556
Домулло, илтимос мегуфтед, ки маънои тозагии бадан гуфта аз лиҳози шариат чиро дар назар доранд?
Вопрос:
Ассалому алайкум бобои домулло, илтимос мегуфтед, ки маънои тозагии бадан гуфта аз лиҳози шариат чиро дар назар доранд?
Саволдиҳанда:Акбархон
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дини Ислом, ки имрӯзҳо илми тиб ба мавзӯи тозагии бадан диққати махсус медиҳад, асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзӯъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод кардааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин шарт барои қабул шудани ибодатҳо тозагии моддӣ ва маънавӣ буда, шарти расидан ба мартабаи мақбул дар имон ҳам тозагӣ мебошад. Пайғамбари Ислом (с) ҳам ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медод ва касонеро, ки ба тозагӣ аҳамият намедоданд, огоҳ мекард. Дар як ҳадисаш Пайғамбари Худо (с) фармудааст: “Тозагӣ нисфи имон аст”. (Муслим). Ҳазрати Оиша (р) гуфтааст: “Мардуме, ки дар атрофи Мадина зиндагӣ мекарданд, барои намози ҷумъа ба Масҷиди Набӣ меомаданд. Ба таври умумӣ сару пойҳояшон хоколуд буд ва аз баданашон бӯи арақ меомад. Вақте ки дар назди Расулуллоҳ истода будам, яке аз онҳо ба наздаш омад. Пайғамбар (с) вайро ба чунин ҳолат дида, ғамгин шуд ва гуфт: “Кошки имрӯз танатро мешустӣ”. (Бухорӣ).
Ҳазрати Пайғамбар (с) на танҳо ба тозагии бадан ва сару либос, балки ба тозагии муҳити зист ҳам таваҷҷуҳ мекард, барои нарехтани партоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ифлос накардани обҳо, тоза нигоҳ доштани роҳ, майдон ва маҳаллаҳо аҳамият медоданд.