Вопрос № 00560

Волидайни Пайғамбар (с) дар кадом дин буданд? Дар филм дидем, ки «худои Макка» гуфта дуо мекунанд, аз баъзеҳо пурсидем, гуфтанд, ки Худои якторо дар назар доранд, агар Худои якторо дар назар дошта бошанд...

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз шумо хоҳиш мекунам ба суолҳои ман ҷавоб гардонед. 1. Волидайни Пайғамбар (с) дар кадом дин буданд? 2. Дар филм дидем, ки «худои Макка» гуфта дуо мекунанд, аз баъзеҳо пурсидем, гуфтанд, ки Худои якторо дар назар доранд, агар Худои якторо дар назар дошта бошанд, пас чаро мегӯянд, ки онҳо бедин аз дунё гузаштанд? Ташаккури зиёд! 

Саволдиҳанда:Суннат.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, фосилаи баъди замони Исо (а) то замони биъсати Пайғамбарамон (с)-ро замони фатрат (холӣ аз даъвати пайғамбар) мегӯянд, ки ҳеҷ пайғамбаре дар ин фосилаи замонӣ аз тарафи Худованд фиристода нашудааст. Бинобар ин, баъзе уламо мегӯянд, ки волидайни Пайғамбарамон (с) дар замони фатрат умр ба сар бурда, дар ҳамин замон аз дунё даргузаштаанд. Имоми Аъзам (р) мегӯнд, ки ҳақиқати онро Худованд медонад ва беҳтарин сухан ҳам ҳамин аст. Он чи дар филм омадааст, ба ин маъност, ки бутҳоро дар назар доштанд, онҳо ҳаргиз ба Худои якто имон надоштанд, балки ҳар қабилае барои худ бутеро маъбуд қарор дода буд. Аз ҳамин ҷиҳат онҳоро бедин мегӯянд, зеро як дини алоҳида доштани ҳар қабилае муҳол аст. Мушрикин зиндагиро ба даҳр нисбат медоданд. Аз ҳоли онҳо Худованд чунин хабар медиҳад: «Ва гуфтанд: «Ба ҷуз ҳамин зиндагонии инҷаҳонии мо зиндагоние нест: мемирем ва зинда мешавем ва моро ба ҷуз замона (чизе) ҳалок намекунад». (Сураи «Ҷосия», 24).

2016-08-23
4329
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43