Вопрос № 00561

Магар шарт аст, ки вақти зиёрати қабристон ҳатман сари гӯри ҳамаи наздикон бояд рафт ё мешавад, ки дар лаби қабристон дуо кунему баргардем?

Вопрос:

Салом муфтиёти муҳтарам. Панҷ савол доштам: 1. Магар шарт аст, ки вақти зиёрати қабристон ҳатман сари гӯри ҳамаи наздикон бояд рафт ё мешавад, ки дар лаби қабристон дуо кунему баргардем? 2. Ҳамон арвоҳак (шапалак)-ҳо дар ҳақиқат арвоҳи гузаштагон ҳастанд? Агар чунин бошад, чӣ кор бояд кард? 3. Дар ҳолати ҷунуб будан дар фасли зимистон дар бомдод мумкин аст, ки танҳо таҳорат карда намоз хонем ва баъдан ғусл намоем? 4. Дар як шаб агар бист ракъат намози нофила хонем, мумкин аст, ки ба ҷои 4 ракъат 8 ракъат ният кунем? 5. Намози боҷамоате, ки дар хона мехонем, савобаш аз ҷамоати масҷид магар кам аст? 

Саволдиҳанда:Самир.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Дар вақти зиёрати қабристон ба сари ҳар қабре рафтан шарт нест, балки дар канори қабристон нишаста дуо кардан кофӣ аст, зеро инсон дар ҳолати зиндагӣ ва баъди вафот шараф дорад, ба сари ҳар гӯре рафта, дигар гӯрҳоро поймол кардан макрӯҳ аст. Агар қабристон хурд бошад ё ки дар вақти зиёрат рафтан эҳтиёт кунад ва дигар қабрҳоро поймол накунад, хуб аст, ки бар сари қабри хешовандон равад ва дуо кунад.

2. Шапалакҳо арвоҳ нестанд, балки як навъ махлуқ мебошанд, аммо арвоҳ дида намешавад.

3. Вақте инсон ҷунуб шавад, ҳатман ғусл кунад, хоҳ зимистон бошад ё тобистон, зеро аз ҷанобат пок шудан ҳукми Қуръон аст, чунончи Худованд мефармояд: «Ва агар шумо ҷунуб бошед, пас худро нек пок кунед». (Сураи «Моида», ояти 6).

4. Дар намози нофила тибқи мазҳаби ҳанафӣ шабона бо як ният то ҳашт ракъат хондан ҷоиз аст, лекин афзал ин аст, ки намози нофиларо дар рӯз ё шаб чаҳорракъатӣ ният карда гузорад. Дар китоби «Мухтасарул-виқоя», с. 20 оиди ин масъала чунин овардааст: «Бо як ният чаҳор ракъат гузоридани намози нафл дар шабу рӯз афзал аст».

5. Тибқи ҳадиси Пайғамбар (с) намози боҷамоат аз намози танҳогузор бисту панҷ то бисту ҳафт дараҷа савоби бештар дорад. Албатта аз намози боҷамоате, ки дар хона гузорида мешавад, савоб низ ҳосил мегардад, аммо фазилати ҷамоати масҷид бартар ва бузургтар аст, чунки намозгузор ба ҳар қадаме, ки ба сӯи масҷид мебардорад, савоби алоҳида мегирад ва ғолибан теъдоди афроди ҷамоати масҷид нисбат ба ҷамоати хона зиёдтар аст, аз ин рӯ, ҷамоати масҷид фазилати бештар дорад. Дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Намози мард бо марди дигар аз танҳо гузориданаш беҳтар аст ва намози мард ҳамроҳ бо ду марди дигар беҳтар аст аз он ки онро бо як мард бигузорад, ҳарчанд ки бештар бошанд, намозашон ба назди Худованд маҳбубтар аст». (Ривояти Насоӣ). 

2016-08-23
3982
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38