Вопрос № 00562
Ман дар шаҳри Хуҷанд истиқомат карда истода, дар як ҳафта як бор ба ноҳияи Ашт меоям, ки масофаи байнашон 110 км мебошад. Дар ҳар ду суроға ҳавлии истиқоматӣ дорам. Ман дар кадоми ин суроғаҳо намозро қаср мехонам.
Вопрос:

Саволдиҳанда:Маҳмудҷон.
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, тибқи қарори Шӯрои уламо масофаи сафар 120 км аст, масофаи байни хонаҳои шумо бошад, муддати сафарро ташкил намедиҳад, аз ин рӯ, агар дар аснои сафаратон дар роҳ намоз гузоред, бояд, ки онро қаср хонед, вақте ки ба хона расидед, дар кадом хонае, ки ҳамсаратон бошад, дар ҳамон ҷо намозро пурра мегузоред. Агар дар ҳар ду хона ҳамсар дошта бошед, намозро комил адо мекунед, фақат дар роҳ қаср мехонед.