Вопрос № 00564
Дар бораи аз чанд нафар иборат будани ҷамоат маълумот медодед.
Вопрос:
Ассалому алайкум. Дар бораи аз чанд нафар иборат будани ҷамоат маълумот медодед.
Саволдиҳанда:Муҳаммад.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, теъдоди афроди ҷамоат ғайр аз имом бояд се нафар бошад, вале баъзе аз уламо мегӯянд, ки ба ҷуз имом ду нафар ҳам ҷамоат ҳисоб мешавад. Чунончи Имом Косонӣ дар китоби «Бадоеъус-саноеъ», ҷ. 1, 156 меорад: «Калимаи «ҷамоат» аз мафҳуми «иҷтимоъ» баргирифта шудааст ва камтарин ҳадди он ду нафар аст». Ҳамчунин дар ҳадисе Расули Худо (с) фармудаанд: «Ду нафар ва бештар аз он ҷамоатанд». (Ривояти Ибни Моҷа).