Вопрос № 00587
Дар намози ҷамоати пешину аср имом бо овози паст мехонад, оё муқтадӣ ҳам бояд ягон сурае хонад ё ором истад?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар намози ҷамоати пешину аср имом бо овози паст мехонад, оё муқтадӣ ҳам бояд ягон сурае хонад ё ором истад?
Саволдиҳанда:Шаҳром.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ҳар намозе, ки пушти сари имом хонда мешавад, чӣ паст хонда шавад ё баланд, муқтадӣ ҳеҷ сураеро қироат намекунад, зеро қироати имом барои муқтадӣ низ қироат маҳсуб мешавад. Дар мазҳаби ҳанафӣ қироат аз паси имом дуруст нест, бояд фақат ба имом ният карда, «Субҳонакаллоҳумма» хонад ва хомӯш истад.