Вопрос № 00596

Имрӯз баъзе аз бадзотҳо ё валадузиноҳо зидди Паёмбар (с) мақола менависанд ва ихтилофи диниро бармеангезонанд. Шумо ҳамчун масъули мазҳабии кишвар онҳоро ба додгоҳ намекашед? Магар ин экстремизм нест?

Вопрос:

Ассалом муфтии гиромӣ! Имрӯз баъзе аз бадзотҳо ё валадузиноҳо зидди Паёмбар (с) мақола менависанд ва ихтилофи диниро бармеангезонанд. Шумо ҳамчун масъули мазҳабии кишвар онҳоро ба додгоҳ намекашед? Магар ин экстремизм нест? Дар дигар кишварҳои исломии ҳанафӣ муфтиҳо нисбати ин гуна афрод ҳукми қатл эълон мекунанд. Медонам аз назари қонунии кишвар шумо ҳукм кардан ҳуқуқ  надоред, вале ҳуқуқ доред ба додгоҳ кашед. Аз додгоҳ талаб кунед бо сахтарин ҳукм муҷозот шаванд. Чунки инҳо дидаву дониста муқаддасоти моро зери по мекунанд ва таҳқиру тавҳин мекунанд.

Саволдиҳанда:Сорбон.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дини Ислом дини сулҳу сафо, муҳаббату самимият ва ахлоқи волои инсонӣ аст. Албатта дар ҳар асру замон душманон нисбати ин дини поку ростин кинаву адовати худро ошкор месозанд ва суханони таҳқиромез мегӯянд, аммо дар баробари ҳамаи ин бархӯрдҳои манфӣ ин дини осмонӣ ва инсонпарвар бо равиши ҳикмату насиҳат ва панду андарзи некӯ муносибат мекунад. Чунончи дар аҳодиси набавӣ ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ҳеҷ вақт барои худ интиқом намегирифтанд ва бо ахлоқи накӯи худ бо мардум муошират мекарданд. Аз ҳамин сабаб бисёр касоне, ки ба Пайғамбар (с) душманӣ меварзиданд, бо мушоҳидаи ин ахлоқи волои ӯ кинаву адоваташон ба ихлосу муҳаббат мубаддал мешуд. Ин ҳамон ҳадафе аст, ки дини Ислом онро мехоҳад.

 

2016-09-16
3158
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38