Вопрос № 00603
Суоли ман оиди хондани Қуръон дар хона, яъне фотиҳа кардан барои дуо кардани саломатӣ, кушоиши корҳо, барои гузаштагон дар кадом вақтҳо ҷоиз аст? Бегоҳи ҷумъа ё рӯзи ҷумъа, рӯзона ё шабона?
Вопрос:
Ассалому алайкум муҳтарам домулло. Суоли ман оиди хондани Қуръон дар хона, яъне фотиҳа кардан барои дуо кардани саломатӣ, кушоиши корҳо, барои гузаштагон дар кадом вақтҳо ҷоиз аст? Бегоҳи ҷумъа ё рӯзи ҷумъа, рӯзона ё шабона?
Саволдиҳанда:Аъзам
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Қуръон хондан ва савобашро ба касе бахшидан вақти муайян надорад, кадом вақте шумо фурсат ёфтед, Қуръон хонед ва савобашро дар ҳаққи касе, ки мехоҳед, бахшед, дуруст мешавад, зеро дуо ва садақаи зиндагон барои мурдагон нафъ ва фоида дорад, ин ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, вақти маҳдуду муайян надорад.