Вопрос № 00618
Тартиби хондани азон дар гӯши навзодро фаҳмонед.
Вопрос:
Салом. Тартиби хондани азон дар гӯши навзодро фаҳмонед. Аз шумо сипосгузорем.
Саволдиҳанда:Шараф.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нахустин амале, ки бояд падару модар баъд аз таваллуди тифл анҷом диҳанд, азон гуфтан дар гӯши рост ва иқомат гуфтан дар гӯши чапи ӯ мебошад. Расули акрам (с) ба набераашон Ҳасан (р) ҳамин амалро анҷом додаанд, чунончи дар ривояте омадааст: «Ҳангоме ки Ҳасан ибни Алӣ (р) таваллуд шуд, Расули Худо (с) дар гӯши ӯ азон гуфтанд». (Ривояти Аҳмад, Абӯдовуд ва Тирмизӣ). Тартиби азон гуфтан дар гӯши навзод ба ин тариқ аст, ки шахси азонгӯянда навзодро рӯи даст гирифта, нахуст дар гӯши росташ азон ва сипас дар гӯши чапаш иқомат мегӯяд. Лозим ба тазаккур аст, ки азон гуфтан дар гӯши навзод суннати Пайғамбар (с) буда, дар қалбу зеҳни ӯ таъсир мегузорад ва кӯдак фоидаҳои онро дар давоми зиндагияш эҳсос мекунад.