Вопрос № 00628
Падар бо духтараш қаҳрӣ бошад, чанд бор бахшиш пурсад, набахшад, чӣ кор кунад? Моиндар дорад, духтараш бисёр зиқ аст, аз Худованд метарсад.
Вопрос:
Падар бо духтараш қаҳрӣ бошад, чанд бор бахшиш пурсад, набахшад, чӣ кор кунад? Моиндар дорад, духтараш бисёр зиқ аст, аз Худованд метарсад. Ташаккур ба шумо. Дар ҳаққи мо дуои нек кунед.
Саволдиҳанда:Гулнора.
Ответ:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, фарзанд дар чунин ҳолат бояд аз падар бахшиш пурсад ва кӯшиш кунад, ки ӯ розӣ шавад. Дар сурати розӣ нашудан агар ба ғайри ҳақ бошад, фарзанд масъулияти худро адо намудааст, бо вуҷуди ин аз эҳтироми волидайнаш рӯй нагардонад, агарчи ғайри мусулмон ҳам бошанд. Бояд дар ҳаққи онҳо бисёр дуо кунад, умед аст, ки Худованд ҳамаи хостаҳояшро бароварда гардонад.