Вопрос № 00634
Кадом намозҳо бо овози баланд ва кадомашон бо овози паст (фарз ё суннат) хонда мешаванд? Дар рӯ ба рӯи оина намоз хондан дуруст аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Кадом намозҳо бо овози баланд ва кадомашон бо овози паст (фарз ё суннат) хонда мешаванд? Дар рӯ ба рӯи оина намоз хондан дуруст аст?
Саволдиҳанда:Хушнуд.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баъзе намозҳо баланд ва баъзе дигарашон бо овози паст хонда мешаванд. Намозҳое, ки бо овози баланд хонда мешаванд, намозҳои бомдод, шом ва хуфтан, инчунин намозҳои ҷумъа, таровеҳ ва ид ҳастанд, боқӣ намозҳо, аз ҷумла намозҳои суннату витр ва нафл бо овози паст хонда мешаванд. Рӯ ба рӯи оина истода намоз гузоридан ҷоиз аст, вале беҳтар ин аст, ки рӯи онро пӯшонад ва ё дар макони дигар истода намозашро адо кунад.