Вопрос № 00064
Агар шахсе танҳо ё якчанд нафар ба намози ҷамоати масҷид дер кунанд, намозро бо ҷамоат хонанд ё танҳо-танҳо ва оё дар ин ҳолат азон ва иқомат гуфтан шарт аст ё не?
Вопрос:
Домуллои азиз, илтимос ба суоли ман ҷавоби мушаххас диҳед. Агар шахсе танҳо ё якчанд нафар ба намози ҷамоати масҷид дер кунанд, намозро бо ҷамоат хонанд ё танҳо-танҳо ва оё дар ин ҳолат азон ва иқомат гуфтан шарт аст ё не? Бо салому дуруд, бародари Шумо Муҳамадрофеъ, аз н. Рӯдакӣ
Ответ:
Он касоне, ки аз намози ҷамоат дер мемонанд, метавонанд, ки дар як гӯшаи масҷид фақат бо гуфтани иқомат намозашонро бо ҷамоат адо кунанд. Инчунин барои танҳо ё ҷамоат хондани намоз такроран азон ё иқомат гуфтани онҳо шарт нест. Аммо дар масҷидҳое, ки дар он ба таври доимӣ панҷ вақт намоз хонда намешаванд, азон ва иқомат гуфта намоз хондан фазилати бештар дорад, ҳамчунин танҳо иқомат гуфта намоз хондан ҳам мумкин аст.