Вопрос № 00065
Дар вақти намозхонӣ ба фикри дунявӣ фурӯ рафтан намозро мешиканад?
Вопрос:
Дар вақти намозхонӣ ба фикри дунявӣ фурӯ рафтан намозро мешиканад?
Саволдиҳанда:Мансур
Ответ:
Ҳангоми намозхонӣ то ҳадди имкон ба намоз диққат додан лозим аст. Барои ҳамин, инсон бояд чунин тасаввур кунад, ки дар ҳузури Аллоҳ таъоло қарор дошта, гӯё Ӯро мебинад ва ин охирин намозест, ки хонда истодааст. (Бухорӣ, Ибни Моҷа). Илова бар ин, ба сабаби фикри дунявӣ намоз фосид намешавад, аммо кӯшиш бояд кард, ки фикр ба ҳар тараф наравад. («Ал-ҳиндия», ҷ.1, с.101).