Вопрос № 00653
Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Хуҷанд мушоҳида намудам, ки одамон баъд аз намози фарзро тамом кардан (чун дар намози фарз ҷамоат мешаванд ва ҳама қаторҳои пешро пур мекунанд) ба қаторҳои қафо мегузаранд ва ё ҷоиҳудро иваз мекунанд.
Вопрос:
Салом ба тамоми мухлисону кормандони сомона. Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Хуҷанд мушоҳида намудам, ки одамон баъд аз намози фарзро тамом кардан (чун дар намози фарз ҷамоат мешаванд ва ҳама қаторҳои пешро пур мекунанд) ба қаторҳои қафо мегузаранд ва ё ҷоиҳудро иваз мекунанд. Яъне намозҳои фарзу суннат ва витривоҷибро даякҷойистода намехонанд. Ин чӣмаъно дорад? Оё ҳатман дар намозҳо чунин бояд кард?
Саволдиҳанда:Хушед.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин амал ҳатмӣ нест, балки ин як амали мубоҳ мебошад. Яъне бо тарки ин амал инсон гунаҳгор намешавад. Қуръони азимушаън хабар медиҳад, ки рӯзи қиёмат замин шаҳодати медиҳад, ки фалони дар рӯи замин кори хайро анҷом дод ва фалони дар рӯи замин кори бадро анҷом дод. Бино бар ин бузургон гуфтаанд, ки дар ҳар ҷое, ки намоз хонда шавад, онҷо шоҳидӣ медиҳад. Бинобар ин барои анҷоми ин амал на бояд тартиби сафҳоро барҳам зад, балки кифоя аст, ки фақат як қадам пеш ё ақиб истад кифоя аст. Худованд ёру мададгоратон бошад.