Вопрос № 00669

Ман оиладор, соҳиби се фарзандам. Ба сабаби бемории ҳамсарам соли 2014 дубора оиладор шудам. Дере нагузашта ҳамсари аввалам огоҳ шуд. Ман ба хотири кӯдакон дар ҳузури ӯ ҳамсари дуюмамро “талоқ “ гуфтам, вале бефоида, ӯ кӯдаконро гирифта рафт.

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз, Ман оиладор, соҳиби се фарзандам. Ба сабаби бемории ҳамсарам соли 2014 дубора оиладор шудам. Дере нагузашта ҳамсари аввалам огоҳ шуд. Ман ба хотири кӯдакон дар ҳузури ӯ ҳамсари дуюмамро “талоқ “ гуфтам, вале бефоида, ӯ кӯдаконро гирифта рафт. Як рӯз барои овардани онҳо ба хонаи падарарӯсам рафта, қасам хӯрдам, ки “дурӯғгӯ занаш талоқ, хонааш ҳаром, агар ман ҳаваси ягон духтарро хӯрам, биё равем”, дар ин ҳолат розӣ шуд ва омад. Дар вақти қасам хӯрдан ҳамсари дуюмамро дар назар надоштам. Оё ман бо ҳамсари дуюмам зиндагӣ карда метавонам ё на? Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда:Саидмуҳаммад.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар дар ҳақиқат шумо ба ҳамсари аввалатон фақат як бор “талоқ” гуфта бошед, дар ин ҳолат ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва шумо метавонед бо ӯ зиндагиро идома диҳед. Дар масъалаи савганд бошад, барои огоҳии бештар ва дарки амиқи масъала беҳтар аст, ки ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ печидаю ҳассос ва баҳсталаб аст.

2016-11-08
3689
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

08.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:27
Магриб17:24
Иша18:54