Вопрос № 00067
Ба мо дар бораи ҳукми қавма ва ҷалса дар намоз маълумот диҳед ва бигӯед, ки дар ин ду ҳолат чӣ қадар бояд интизор бимонад
Вопрос:
Домуллои муҳтарам, ба мо дар бораи ҳукми қавма ва ҷалса дар намоз маълумот диҳед ва бигӯед, ки дар ин ду ҳолат чӣ қадар бояд интизор бимонад?
Саволдиҳанда:Акрамҷон
Ответ:
Ҳангоми аз рукуъ рост истода шудан ва пеш аз ба саҷда рафтанро қавма мегӯянд. Дар ҳолати қавма ба андозаи як бор гуфтани «Субҳона Раббиял-Азим» оромона рост истодан воҷиб аст. Ҷалса бошад, дар байни ду саҷда нишастанро мегӯянд. Дар ҳолати ҷалса ба андозаи як бор гуфтани «Субҳона Раббиял-Азим» оромона нишастан воҷиб аст. Бинобар ин, ҳукми қавма ва ҷалса воҷиб буда, дар ҳолати саҳван тарк кардани онҳо бояд саҷдаи саҳв карда шавад. Агар дониста тарк кунанд, намоз фосид мешавад.
(Ибни Обидин, “Раддул-муҳтор”, ҷ. с. )