Вопрос № 00685
Бобои мулло як савол доштам, оё модел ё ин ки актёр шудан аз назари Ислом гуноҳе дорад ё не? (манзурам танҳо мардҳо аст).
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бобои мулло як савол доштам, оё модел ё ин ки актёр шудан аз назари Ислом гуноҳе дорад ё не? (манзурам танҳо мардҳо аст).
Саволдиҳанда: Абдулло.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дини мубини Ислом касб омӯхтанро манъ накардаст, инчунин моделер ва актёр будан мамнуъ нест, ба шарте ки дар нақши бозикардааш таҳқири дин ва муқадассоти он набошад. Дар ихтиёр кардани модел ё муд ҳаққи шаръ бояд риоя шавад. (Маъхаз: «Шарҳи Мухтасар-ул виқоя», саҳ.290-291, «Масоили фиқҳии муъосир» саҳ. 159-160)