Вопрос № 00687

Оё бо зане, ки касбаш раққоса ё овозхон бошад, никоҳ ҷоиз аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. Оё бо зане, ки касбаш раққоса ё овозхон бошад, никоҳ ҷоиз аст?

Саволдиҳанда:Илҳом.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, никоҳ аз нигоҳи дини мубини Ислом бо зани шавҳардор манъ аст. Аммо зане, ки муҷаррад аст, метавонед бо ӯ издивоҷ намоед. Албатта баъд аз издивоҷ нафақаи зан пурра бар зиммаи шавҳар аст. Зан аз нигоҳи дини мубини Ислом бояд дар ислоҳи хона ва тарбияти фарзандон вақти худро сарф кунад. Агар мард аз таъмини масорифи зиндагӣ бо сабабе маъзур бошад, зан метавонад бо риояи фармудаи шариат касби дилхоҳашро интихоб намояд. Ногуфта намонад, ки табиати инсонҳо мухталифанд, аз ин рӯ, бояд дар ҷодаи зиндагӣ бисёр андеша намуд, сипас модаре солеҳа ва боиффат барои фарзандон интихоб кард.

2016-11-19
3202
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38