Вопрос № 00691

Аз рӯзе, ки ман оиладор шудам хонагиҳо зани маро дидан нахостанд, то ҳозира ҷангу ҷанҷол аст, мегӯянд, ки ман талоқашро диҳам, ҳамин мумкин аст, ҷовоб диҳед чӣ кор кунам?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ман як савол доштам, аз рӯзе, ки ман оиладор шудам хонагиҳо зани маро дидан нахостанд, то ҳозира ҷангу ҷанҷол аст, мегӯянд, ки ман талоқашро диҳам, ҳамин мумкин аст, ҷовоб диҳед чӣ кор кунам?

Саволдиҳанда:Мавлон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, маслиҳати мо ин аст, ки аз ҳамсари худ ҷудо нашавед, зеро шумо ва ҳамсаратон бо садҳо умеду орзӯ оила бунёд кардед. Дигар ин ки аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳамсари шумо кори хилофи шариат анҷом надодааст ва ҳамсари шумо барои волидайнатон фарзанд ҳисоб мешавад, бо маслиҳат зиндагиатонро идома диҳед, иншоаллоҳ хуб мешавад. Дар фикри талоқ набошед, зеро талоқ танҳо шайтонро хурсанд мегардонаду бас ва дар чунин ҳолат талоқ кардани зан аз нигоҳи дини мубини Ислом низ ҳаром аст, чаро ки як оилаи мусалмон барҳам мехӯрад.

2016-11-21
3594
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

08.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:27
Магриб17:24
Иша18:54