Вопрос № 00693

Дуоҳои баъд аз намозро мегуфтед? Баъд аз намоз дуо кардан фарз аст ё суннат? Илтимос пурра фаҳмонед.

Вопрос:

Дуоҳои баъд аз намозро мегуфтед? Баъд аз намоз дуо кардан фарз аст ё суннат? Илтимос пурра фаҳмонед.

Саволдиҳанда:Яъқуб.

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дуо ин худ асли ибодат аст. Ҳадафи ибодатҳо ҳам қавӣ гардонидани робитаи байни банда ва Офаридагор аст. Аз ҳамин сабаб дуо ибодате мебошад, ки робитаи байни банда ва Парвардигорашро ҳифз мекунад. Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: “Бигӯ (Эй Муҳаммад): “Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар Шумо надорад” (Сураи “Фурқон”, ояти 77). Пайғамбари Худо (с) низ мефармояд:  “Дар назди Аллоҳ таъоло чизе беҳтар аз дуо нест”(Тирмизӣ). Бинобар ин, дуо кардан баъд аз намозҳо як амри мустҳаб ва машруъ ба шумор рафта, боиси аҷру подоши зиёд барои худи дуокунанда ва дигарон мегардад.

2016-11-30
8757
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

10.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:29
Магриб17:26
Иша18:56