Вопрос № 00705

Домуллои гиромӣ, зану шавҳар якдигарро бо номашон ҷеғ зада ё номи якдигарро гирифта суҳбат кунанд, мумкин аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромӣ, зану шавҳар якдигарро бо номашон ҷеғ зада ё номи якдигарро гирифта суҳбат кунанд, мумкин аст? Пурра мефаҳмондед. Қаблан барои ҷавобҳо ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, якдигарро бо ном хондани зан ё шавҳар аз нигоҳи шаръӣ монеъе надорад, ба шарте ки ин амал сабаби озурда шудани хотири тарафайн нагардад. Муҳим он аст, ки зану шавҳар якдигарро бо лақабҳои қабеҳ садо накунанд. Беҳтар аст, ки аз рўи одоби урфу таомул бо калимаҳои муҳтарамона ба якдигар муроҷиат кунанд.

2016-12-08
3724
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

08.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:27
Магриб17:24
Иша18:54