Вопрос № 00728

Ҳамин ҳазрати Хизр оби ҳаётро хӯрдааст? Мегӯянд, ки Хизр зинда аст ва бо ҳар як одам вомехӯрад, ин гуфтаҳо рост аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ҳамин ҳазрати Хизр оби ҳаётро хӯрдааст? Мегӯянд, ки Хизр зинда аст ва бо ҳар як одам вомехӯрад, ин гуфтаҳо рост аст?

Саволдиҳанда:Узайр.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, он чи дар бораи оби ҳаёт хӯрдани ҳазрати Хизр дар китобҳои таърих ва ашъори шоирон вуҷуд дорад, ягон далели шаръӣ надорад, яъне дар Қуръон ва ҳадиси Пайғамбар (с) зикр нашудааст. Дар бораи зинда будан ва вафоти Хизр ихтилоф аст. Бисёре аз бузургон гуфтаанд, ки ӯ мисли дигар пайғамбарон аз дунё гузаштааст, лекин Худованд ба ӯ як навъи хоссе аз неъмат бахшидааст, агар хоҳад ба изни Аллоҳ дубора ба дунё меояд. Он сухане, ки Хизр бо ҳар як одам вомехӯрад, дуруст нест, зеро вақте ки Худованд ҳазрати Мӯсо (а)-ро ба назди ӯ фиристод, мардум ва худи ҳазрати Мӯсо (а) дар бораи ӯ маълумот надоштанд. Худованд ба ҳар ки мехост, ӯро бо Хизр рӯ ба рӯ мекард, на ин ки Хизр бо ҳар яке аз мардум мулоқот кунад. 

2016-12-16
3475
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38