Вопрос № 00729
Домуллои гиромиқадр, мо медонем, ки соли нав аз мо нест, мо метавонем онро ҳамчун иди байналхалқӣ ҷашн гирем? Асосан кадом идҳо аз мусулмонон ҳастанд. Иди Модарон, Истиқлолият ва Парчам, инҳо чӣ? Илтимос пурра мефҳмондед.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромиқадр, мо медонем, ки соли нав аз мо нест мо метавонем онро ҳамчун иди байналхалқӣ ҷашн гирем? Асосан кадом идҳо аз мусулмонон ҳастанд. Иди Модарон, Истиқлолият ва Парчам, инҳо чӣ? Илтимос пурра мефҳмондед. Қаблан ташаккур.
Саволдиҳанда:Абдуҳамид.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тамоми идҳои миллӣ ва дине, ки дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, мо онҳоро ҷашн мегирем, чунки мо идҳои миллиро ҳамчун иди миллӣ пешвоз мегирем ва идҳои диниро ҳамчун иди динӣ ба нияти ибодату савоб ҷашн мегирем. Муҳим он аст, ки фарқи миёни ин ҷашнҳоро бояд шинохт ва онҳоро ба якдигар набояд омехта кард.