Вопрос № 00741
Ассалому алайкум домуллои азиз. Мехоҳам дар бораи мазҳабҳо маълумот диҳед.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Мехоҳам дар бораи мазҳабҳо маълумот диҳед.
Саволдиҳанда:Азим.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, пайдоиши мазҳабҳои исломӣ, хусусан мазҳаби Имоми Аъзам (р), ки аввалин мазҳаби фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, аз солҳои 130-140-уми ҳиҷрӣ мутобиқ ба асри 8-уми мелодӣ оғоз шудааст. Мазоҳиби дигари аҳли суннат баъд аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) арзи вуҷуд кардаанд. Дар ин мавзуъ муаллифи “Фатовои Баззозӣ” Муҳаммад Кардарии Хоразмӣ дар китоби маъруфаш “Маноқиби Абӯҳанифа” маълумоти муфассал додааст, метавонед онро мутолиа кунед.