Вопрос № 00759

Лутфан нияти саҷдаи тиловатро мегуфтед.

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. Лутфан нияти саҷдаи тиловатро мегуфтед.

Саволдиҳанда:Комил.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир” (яъне саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Туст”.

2016-12-29
3468
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

10.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:29
Магриб17:26
Иша18:56