Вопрос № 00077

Домуллоли муҳтарам хоҳиш дорам дар бораи ҳақиқати имон ва ислом бо тафсил баён намоед?

Вопрос:

Домуллоли муҳтарам хоҳиш дорам дар бораи ҳақиқати имон ва ислом бо тафсил баён намоед? Шаҳрванд Нуралӣ, н. Зафаробод.

Ответ:

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.

Бародари азиз бисёр суоли хуб додед, чунки донистани ҳақиқати имон барои ҳар як мусалмон шарт ва зарур аст. Имон дар луғат тасдиқ кардан ва содиқ донистани хабардиҳанда аст. Аммо дар истилоҳ иҷмолан ва тафсилан тасдиқ кардани ҳамаи он чизҳоест, ки Расули Худо (с) аз назди Худованд (ҷ.ҷ) овардааст. Имон ҳафт рукн дорад, ки аз инҳо иборатанд.

  1. Имон овардан ба Худованд (ҷ.ҷ)

  2. Имон овардан ба фариштагон

  3. Имон овардан ба китобҳои Худованд (ҷ.ҷ)

  4. Имон овардан ба паёмбаронаш

  5. Имон овардан ба рўзи охират

  6. Имон овардан ба тақдири некию бадӣ, ки ҳама аз ҷониби Худованд (ҷ.ҷ) аст.

  7. Имон овардан ба зинда гардонидан пас аз марг.

    Ҳазрати Имоми Аъзам (р) дар китоби “Васият”-аш чунин мегўяд: “Имон иқрор кардан ба забон ва тасдиқ намудан ба дил аст. Иқрори танҳо имон ҳисоб намешавад, агар имон ҳисоб мешуд, мунофиқон муъмин шумурда мешуданд. Худованд дар ҳаққи онҳо мефармояд: “Чун мунофиқон пеши ту биёянд, гўянд; «Гувоҳӣ медиҳем, ки ту пайғамбари Худоӣ». Ва Худо медонад, ки ту пайғамбари Ў ҳастӣ. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон дурўғгўянд”. (“Мунофиқин”, 1).

Тасдиқи танҳо низ имон ҳисоб намешавад, агар имон ҳисоб мешуд, аҳли китоб (яҳудиҳо ва насрониҳо) муъмин ҳисобида мешуданд. Ҳол он ки Худованд дар ҳаққи аҳли китоб мефармояд: “Касоне, ки ба онҳо Китоб додаем, ўро (пайғамбари Исломро) мешиносанд, чунонки фарзандони худро мешиносанд. Ва ҳамоно гурўҳе аз онҳо ҳақро дониста мепўшанд”. (“Бақара, 146).

Ислом дар луғат таслим ва фурўтанӣ аст, аммо дар истилоҳ иборат аст аз қабули ҳамаи аҳкоме, ки аз ҷониби Худованд ба воситаи Расули Худо (с) омадааст. Ислом панҷ рукн дорад.

  1. Калимаи шаҳодат.

  2. Барпо доштани намоз.

  3. Закоти мол додан.

  4. Рўзаи моҳи шарифи Рамазон доштан.
  5. Зиёрати хонаи Худо кардан.

Ин панҷ рукн дар ҳадиси саҳеҳи Расули Худо (с), ки онро Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят кардааст, баён гардидааст.

2015-04-01
4392
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43