Вопрос № 00774
Як тоҷир дар болои молаш чӣ қадар нарх гузошта метавонад? Оё дини Ислом барои тоҷирон оиди мондани нарх ё фоиз дар болои молашон чизе гуфтааст?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Як тоҷир дар болои молаш чӣ қадар нарх гузошта метавонад? Оё дини Ислом барои тоҷирон оиди мондани нарх ё фоиз дар болои молашон чизе гуфтааст? Илтимос муфассал шарҳ диҳед. Аз Шумо сипосгузорам. Дар ҳаққи мо дуогӯ бошед.
Саволдиҳанда:Абдуллоҳ.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини мубини Ислом нарх гузоштан болои ашё ва амволи тиҷоратӣ вобаста ба инсофи тоҷир аст. Ҳангоме ки тоҷирон дар нарх мондани амволашон аз ҳадди эътидол ва инсоф гузаранд, пас ҳоким барои дур кардани зарар аз мардум нархи муносибро барои тарафайн (харидор ва фурӯшанда) муайян мекунад. Ҳазрати Пайғамбар (с) фармудаанд: “Ло зарара ва ло зирор”, яъне ба худ ва ба дигарон зарар нарасонед. (“Фиқҳи муомилот”, ҷ. 3, с. 114-117).