Вопрос № 00787

Оё хоб ҳақиқат дорад?

Вопрос:

Салом домуллои гиромӣ. Оё хоб ҳақиқат дорад?

Саволдиҳанда:Сабзалӣ.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб ҳақиқат дорад ва илми таъбири онро Худованд ба баъзе бандагонаш арзонӣ медиҳад. Чунончи муаббироне амсоли Ибни Сирин ва Ҷаъфари Содиқ дар илми таъбири хоб машҳур ҳастанд. Хоби паёмбарон ба манзалаи ваҳй буд. Бинобар ин, ҳазрати Иброҳим (а) баъд аз хоб дидан фарзанди худ ҳазрати Исмоил (а)-ро қурбонӣ намуданд. Аммо ба воситаи хоби касе агарчи соҳиби камолот ҳам бошад, ҳеҷ чизи ҳаром ҳалол ва ҳеҷ чизи ҳалол ҳаром намегардад, яъне ягон ҳукми шаръӣ ба василаи хоб собит намешавад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули гиромӣ (с) фармуданд: “Аз хусусиёти нубувват ва пайғамбарӣ ба ҷуз мубашширот дар ҷаҳон боқӣ намондааст”. Гуфтанд: “Мубашширот чист?” Фармуд: “Хобҳои нек ва шоиста”. (Ривояти Бухорӣ). Хобҳое, ки инсон мебинад, се навъ мешаванд: 1. Хобҳои хушоянд, ки аз ҷумлаи неъматҳои илоҳӣ аст ва боиси шодию хушҳолӣ мегардад. 2. Хобҳои нохушоянд, ки аз шайтон аст ва инсонро нороҳат месозад ва давои он паноҳ бурдан ба Худо мебошад. 3. Хобҳои парешон ва бемаъние, ки таъбир надоранд ва шайтон  ба воситаи он одамиро бозӣ медиҳад. Худованд ёру мададгори шумо.

2017-01-11
2988
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38