Вопрос № 00794

Мазмун, моҳият ва мафҳуми “аҳли суннат ва ҷамоат”-ро муфассалтар мефаҳмондед. Ояти 69-уми сураи “Ёсин”-ро шарҳ медодед, зеро баъзе ашхос ин оятро далел карда, шеър навиштанро нодуруст мегӯянд.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои муҳтарам. Ба Шумо ду суол доштам. 1. Мазмун, моҳият ва мафҳуми “аҳли суннат ва ҷамоат”-ро муфассалтар мефаҳмондед. 2. Ояти 69-уми сураи “Ёсин”-ро шарҳ медодед, зеро баъзе ашхос ин оятро далел карда, шеър навиштанро нодуруст мегӯянд. Сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Султон. 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, маъно ва мафҳуми аҳли суннат дар роҳи дин ба равиш ва гуфтори Пайғамбар (с) бо нақши саҳоба рафтанро гӯянд. Ин аз мазмуни ҳадиси Пайғамбар (с) гирифта шудааст, ки аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: Онҳо (яъне растагорон) киёнанд? Фармуданд: “Онҳое, ки ба роҳи ман ва саҳобагони ман ҳастанд”. Яъне аз лафзи “роҳи ман” мафҳуми суннат ва аз лафзи “саҳобагон” мафҳуми ҷамоат гирифта шуд, пас аз маҷмӯъи ин ду унвони “аҳли суннат ва ҷамоат” ба вуҷуд омад, бинобар ин, пайравони чор мазҳабро “аҳли суннат ва ҷамоат” мегӯянд, зеро ки бо равиш ва гуфтори Пайғамбар (с) бо нақши саҳобагон роҳ мераванд.  Тарҷума ва тавзеҳи ояти 69-уми сураи “Ёсин” ба таври мухтасар чунин аст:

«Ва ба пайғамбар шеър наомӯхтаем ва ин барои ӯ шоиста нест. Ва ин [Китоб] ҷуз панд ва Қуръони ошкор нест». Дар ин оят Худованд шеър ва шоириро аз Қуръон ва Пайғамбар (с) рад мекунад, зеро Қуръон аз назари лафзу маъно бо шеър монандие надорад ва он чун каломи мавзуну муқаффо ва тахайюлӣ нест, ҳамчунин тахайюлоти шоирона шоистаи Пайғамбар (с) ҳам нест. Балки маъмурияти Пайғамбар (с) баёни ҳақиқат ва таблиғи шариат аст, на тахайюлпардозиҳо ва тасвирҳои дур аз воқеъият. Ояти мазкур ба ин амр таъкид дорад, ки Қуръони карим шеър нест ва Пайғамбари акрам (с) шоир нест. Албатта дар бораи мазаммати баъзе анвоъи шеъру шоирон дар оятҳои 225-226-уми сураи «Шуаро» чунин омадааст: «Ва шоирон [касонеанд, ки] гумроҳон ба онҳо пайравӣ мекунанд. Оё надидӣ, ки онҳо дар ҳар водие саргардонанд; ва он чизе мегӯянд, ки [худ] намекунанд? На [аз шоирон] онҳое, ки имон оварданд; ва амалҳои шоиста карданд; ва бисёр зикри Худо карданд». Аммо ҳадафи Қуръони карим накӯҳиши мутлақи шеър ва шоирон нест, аз ин рӯ, ояти охир шоиронеро, ки ба либоси салоҳу ислоҳ ороста ҳастанд, истисно кардааст. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Шеър ҳамчун сухан аст, шеъри хуб монанди сухани хуб ва шеъри бад монанди сухани зишт аст».

2017-01-14
3155
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38