Вопрос № 00810

Оё аз тиллоҳое, ки аъзои оила истифода мекунанд, закот пардохт карда мешавад? Агар пардохт карда шавад, аз чӣ миқдор?

Вопрос:

Домуллои муҳтарам, оё аз тиллоҳое, ки аъзои оила истифода мекунанд, закот пардохт карда мешавад? Агар пардохт карда шавад, аз чӣ миқдор?

Саволдиҳанда: Маҳмаднабӣ.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ аз тамоми ашёи тиллоӣ аз қабили ороишоти занона, зарфҳо ва ғайра, ки мавриди истифода ҳастанд, закот пардохта мешавад. Агар таркиби ин ашё комилан аз тиллои холис бошанд ва вазни онҳо ба 20 мисқол (85 г) баробар шавад, аз он ба миқдори 0,5 мисқол (2,5 г) тилло ё қимати он закот медиҳад. Агар дар таркиби ин ашё баъзе элементҳои дигар аз қабили мис ва ғайра нисбат ба тилло бештар бошад, дар ин сурат ин ашё қиматгузорӣ мешавад, яъне агар қимати онҳо ба 17400 сомонӣ баробар шавад, дар ин сурат закоти онро мепардозад.

2017-01-24
5599
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43