Вопрос № 00822
Оё дар намоз дар вақти хондани “Аттаҳийёт” ангуштро бардоштан дуруст аст ё на? Чунки ман дар масҷидамон бисёр шахсонро мебинам, ки чунин корро анҷом медиҳанд.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё дар намоз дар вақти хондани “Аттаҳийёт” ангуштро бардоштан дуруст аст ё на? Чунки ман дар масҷидамон бисёр шахсонро мебинам, ки чунин корро анҷом медиҳанд. Илтимос пурра ҷавоб диҳед.
Саволдиҳанда: Шоҳҳусайн.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ишораи саббоба аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ як амри мустаҳаб ва машруъ мебошад. Азбаски мардуми авом тарзи дуруст анҷом додани онро намедонанд, бинобар ин, баъзе аз фуқаҳои Мовароуннаҳр ин амалро манъ кардаанд. Аз ҳамин сабаб ишораи саббоба дар урфи мардуми мо роиҷ нашудааст.