Вопрос № 00823

Оё ҳангоми намози бо ҷамоат дар ракъатҳои сеюм ва чорум муқтадӣ низ сураи “Фотиҳа”-ро мехонад?

Вопрос:

Оё ҳангоми намози бо ҷамоат дар ракъатҳои сеюм ва чорум муқтадӣ низ сураи “Фотиҳа”-ро мехонад?

Саволдиҳанда: Муҳибулло.

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) муқтадӣ дар ҳама ракъатҳои намоз, хоҳ намози сиррӣ (пешин ва аср) бошад ва ё ҷаҳрӣ (бомдод, шом ва хуфтан), сураи “Фотиҳа” намехонад, балки сукут мекунад. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ӯ низ қироат маҳсуб мешавад». (Ривояти Ибни Моҷа; “Мухтасарул-виқоя”, с. 15-17).

2017-01-27
4255
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

14.10.2026

Подробнее
Фаджр05:04
Зухр12:40
Аср16:04
Магриб17:58
Иша19:28