Вопрос № 00843
Мо Қуръонро бо забони тоҷикӣ бихонем, савобе, ки бо забони арабӣ мехонӣ, ҳамон савобро соҳиб мешавем?
Вопрос:
Домуллои муҳтарам, мо Қуръонро бо забони тоҷикӣ бихонем, савобе, ки бо забони арабӣ мехонӣ, ҳамон савобро соҳиб мешавем?
Саволдиҳанда: Шарифбек.
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, Қуръонро бо забони тоҷикӣ хондан ба савоби бо арабӣ хондани он баробар намешавад, зеро услуби он дорои эъҷоз аст ва хусусиятҳое дорад, ки бо тарҷума ҳосил намешавад. Ба ҳар ҳол, дар хондани тарҷумаи Қуръон низ аҷру савоб ҳаст. (“Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 1, с. 12)