Вопрос № 00848
Ба Шумо саволҳо дорам 1. Ҳангоми хондани намоз дар замми сура як оятро хонд (аз сурае як оятро медонаду халос, ки якбора ҳамин оятро хонда монд), чӣ бояд кунад? 2. «Банӣ Исроил» гуфта кадом қавмро мегӯянд ва барои чӣ чунин мегӯянд? Раҳмат.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ба Шумо саволҳо дорам 1. Ҳангоми хондани намоз дар замми сура як оятро хонд (аз сурае як оятро медонаду халос, ки якбора ҳамин оятро хонда монд), чӣ бояд кунад? 2. «Банӣ Исроил» гуфта кадом қавмро мегӯянд ва барои чӣ чунин мегӯянд? Раҳмат.
Саволдиҳанда: Султон
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар ҳолати зарурат агар як оят хонад, намозаш дуруст аст, вале кӯшиш кунад, ки дигар оятҳоро низ ҳифз намояд. 2. Маънои “Банӣ Исроил” фарзандони Исроил аст, ки уммати ҳазрати Мӯсо (а) ҳастанд. Маънои Исроил баргузидаи Худо аст ва он лақаби ҳазрати Яъқуб (а) мебошад. Ҳазрати Яъқуб (а) дувоздаҳ фарзанд дошт ва ёздаҳуми онҳо ҳазрати Юсуф (а) буд. Онҳо аз Канъон ба Миср рафтанд ва он ҷо муқим шуданд. Аз ин рӯ, онҳоро бо унвони “Банӣ Исроил” ном мебаранд.