Вопрос № 00085

Холкубӣ кардан дар бадан гуноҳ аст?

Вопрос:

Домуллои азиз илтимос ба ин саволи ман ҷавоби илмӣ диҳед. Холкубӣ кардан дар бадан гуноҳ аст? Бо эҳтиром бародари шумо Исмат

Ответ:

    Бародари азиз ба ин масъалаҳои Шумо чунин посух медиҳем, ки холкӯбӣ намудани бадан, ки баъзе ашхос бо сузан баданашонро сурох намуда, дар он суратҳо ва навиштаҷоти гуногунро нақш мекунанд, шаръан гуноҳаст. Ҳазрати Пайғамбар (с) чунин фардеро мавриди лаънат қарор додааст, чунончи Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунанд, ки фармуд:

لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- الْوَاصِلَةَ وَالْمُسْتَوْصِلَةَ وَالْوَاشِمَةَ وَالْمُسْتَوْشِمَةَ.

    “Расули Худо (с) зани пайвандкунандаи мӯй ва занеро, ки мӯяшро пайванд мекунад ва зани холкӯбикунанда ва зани холкӯбӣ кардашударо лаънат карданд”.

Аммо агар касе қаблан ба сабаби нодонӣ ва бетаваҷҷуҳӣ чунин кореро анҷом дода бошанд ва ҳоло дур сохтани он бидуни амали ҷароҳӣ имконпазир намебошад. Ин навъ афрод бар ин гуноҳи худ истиғфор ва тавба кунанд, дур кардани он ба сабаби амали ҷарроҳӣ лозим нест. Дар намозҳои ӯ халале ворид намешавад, инчунин имоматии ингуна ашхос бидуни шубҳа ҷоиз аст. (Раддул-муҳтор ҷ.1, саҳ.242)

2015-04-24
3325
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38