Вопрос № 00856

Оё таҷлили иди ошиқон (валентина) дуруст аст?

Вопрос:

Салом! Оё таҷлили иди ошиқон (валентина) дуруст аст? Илтимос зудтар ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда: Хайём

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар дини мубини Ислом ду ид аст, илова бар ин ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ намекунад, он рӯз низ ид аст. Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст. Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст.

2017-02-08
6559
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.02.2025

Подробнее
Фаджр05:31
Зухр12:40
Аср16:23
Магриб18:22
Иша19:52