Вопрос № 00884

Марде занеро хостгорӣ кард ва маҳрашро ба дасти падари зан дод, лекин ҳанӯз ақди никоҳ сурат ногирифта, мард бо зан ҳамхоба шуд. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Марде занеро хостгорӣ кард ва маҳрашро ба дасти падари зан дод, лекин ҳанӯз ақди никоҳ сурат ногирифта, мард бо зан ҳамхоба шуд. Ҳукми  ин масъала чӣ гуна аст? Дар ҳоле ки Пайғамбар (с) фармудаанд, ки “Никоҳ фақат бо ҳузури валӣ ва ду шоҳиди одил сурат мегирад”. Ин мард маҳри занро пардохта ва пеш аз ақди никоҳ бо зан ҳамхоба шудааст. Оё ин амал дуруст аст ё на?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, никоҳ дорои шарт ва рукн аст. Рукни никоҳ иҷобу қабул ва шарти он ҳузури ду шоҳид аст, вале аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳузур доштани валӣ дар вақти никоҳ ва сифати адолат дар шоҳидон шарт нест. Дар масъалаи мазкур аз сабаби он ки рукн ва шарти никоҳ, яъне иҷобу қабул аз тарафи марду зан дар ҳузури ду шоҳид сурат нагирифтааст, ин амали онҳо ҳаром ва зино мебошад. Барои марду зан тавбаву истиғфор ва идда лозим аст. 

2017-02-16
4298
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

02.05.2024

Подробнее
Фаджр03:45
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:29
Иша20:59