Вопрос № 00898

Фарзанди ман семоҳа аз дунё гузашт. Ман метавонам, ки дар ҳаққаш ҳар рӯз дуо кунам. Занҳо бояд чӣ тавр дуо кунанд?

Вопрос:

Салом ба ҳама бародарони мӯъмине, ки чунин сомонаро ташкил намудаанд, Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бошад. Тарзи дуруст хондани дуо барои гузаштагонро мегуфтед. Фарзанди ман семоҳа аз дунё гузашт. Ман метавонам, ки дар ҳаққаш ҳар рӯз дуо кунам. Занҳо бояд чӣ тавр дуо кунанд? Оё гиря кардан гуноҳ аст? Ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда: Ашраф

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат дуои зиндагон барои гузаштагон нафъ дорад. Дар дуо кардан байни марду зан фарқе вуҷуд надорад. Бо овози паст гиря кардан ҳамроҳ бо дуо савоб аст, аммо доду фиғону навҳа ва рӯканиву мӯйканӣ кардан гуноҳ аст, зеро ҳар мусибате, ки аз ҷониби Худованд ба банда мерасад, сабр кардан ва розӣ будан ба он ҳатмӣ ва дорои аҷру подош аст. Шумо метавонед, ки ҳар рӯз дар ҳаққи кӯдаки фавтидаатон дуо кунед. Тарзи дурусти дуо барои гузаштагон чунин аст: “Худоё, гузаштагони моро раҳмату мағфират кун ва савоби ин оятҳо ва садақаҳоро ба рӯҳи онҳо бирасон, қабрашонро пурнур ва рӯҳашонро шоду мамнун бигардон, хусусан ин тифлаки бегуноҳи маро сабаби шафоатам бигардон”. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 605-607)

2017-02-21
6426
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

06.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:24
Магриб17:22
Иша18:52