Вопрос № 00901

Намози қаср туҳфае аз тарафи Худованд ба бандагон аст ва пурра хондани он гуноҳ аст. Пас, намози суннатро пурра хондан хилофи фармудаи Худованд намешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Намози қаср туҳфае аз тарафи Худованд ба бандагон аст ва пурра хондани он гуноҳ аст. Пас, намози суннатро пурра хондан хилофи фармудаи Худованд намешавад?

Саволдиҳанда: Сулаймон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, чунонки шумо гуфтед, намози қаср туҳфае аз тарафи Худованд аст, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ қаср хондани он ҳатмӣ аст. Набояд фаромӯш кард, ки намозҳои суннат низ фармудаи Худованд ҳастанд, зеро ҷумлаи гуфтору кирдори Расули Худо (с) аст. Худованд Расули худро чунин васф мекунад: “Ва сухан аз хоҳиши нафс намегӯяд. Нест гуфтораш, магар ваҳй, ки ба ӯ фиристода мешавад”. (Сураи “Наҷм”, ояти 3-4) Ҳазрати Пайғамбар (с) намозҳои суннатро дар ҳама ҳол хондаанд, хоҳ дар сафар бошад, хоҳ дар ҳазар (хона), фақат дар ҳолати зарурат онро тарк намуданд. (“Сунан”-и Тирмизӣ, ҷ. 2, с. 435)

2017-02-21
3524
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

10.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:29
Магриб17:26
Иша18:56